< Чоршанбе Аловатов ғолиб ва соҳиби 10 миллион тенге шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Чоршанбе Аловатов ғолиб ва соҳиби 10 миллион тенге шуд

Чоршанбе Аловатов ғолиб ва соҳиби 10 миллион тенге шуд
Чоршанбе Аловатов, овозхони ҷавони тоҷик дар пайи овоздиҳии сокинони минтақаи Осиёи Марказӣ ғолиби озмуни Central Asia Got Talent ва соҳиби ҷоизаи асосӣ - 10 миллион тенге эълон гардид

 Чоршанбе Аловатов миёни 12 иштирокдори даври ниҳоии Central Asia Got Talent дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон ғолиби асосӣ эълон гардид. Ӯ дар пайи эълони натиҷаҳои овоздиҳӣ дар чор кишвари минтақа ва муаррифияш ба ҳайси ғолиби асосӣ ба ҳамаи ҳаводорон, наздикон ва модараш изҳори сипос гуфт.

"Ой, ҳатто намедонам, чӣ гӯям. Мехоҳам миннатдориямро ба ҳамаи онҳое, ки паёмак фиристоданд, ба наздиконам, ба модарам, ки ин ҷо ҳузур доранд, баён кунам. Ҳамаатонро дӯст медорам. Тоҷикистон ба пеш", - изҳор дошт Чоршанбе Аловатов.

Аловатов дар даври ниҳоии озмуни минтақавӣ суруди попурӣ - аввал ба забони итолиёӣ баъд ба забони тоҷикӣ хонд. Ӯ ғолиби асосӣ дар сатҳи минтақавӣ эълон гардид. Дар бахши овоздиҳии дохили кишварҳо аз Тоҷикистон гуруҳи рақсии "Падида" пирӯз шуд. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий