< Нигаронии раиси вилояти Хатлон аз ҷудошавии оилаҳо » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Нигаронии раиси вилояти Хатлон аз ҷудошавии оилаҳо

Нигаронии раиси вилояти Хатлон аз ҷудошавии оилаҳо
Дар вилояти Хатлони Тоҷикистон дар давоми 10 моҳи соли равон 2 ҳазору 191 оила ақди никоҳи худро бекор карданд

 Дар вилояти Хатлон давоми 10 моҳи соли равон 2 ҳазору 191 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки ин шумора нисбати ҳамин давраи соли гузашта 231 ҳолат зиёд аст, иттилоъ додаааст сомонаи ҳафтномаи “Фараж”.

Бино бар иттилои манбаъ, Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон охири моҳи гузашта дар анҷумани занони сарвар, ки дар шаҳри Бохтар баргузор гардид, аз зиёд ҷудо шудани оилаҳо изҳори ташвиш карда буд.

Ҳамон замон раиси вилояти Хатлон аз занони фаъол даъват карда буд, ки дар пешгирии ҷудошавии оилаҳо саҳмгузор бошанд.

Ба гуфти Қурбон Ҳакимзода, аз  шумораи ҷудошавии оилаҳо 1 ҳазору 704 ҳолат бо ҳалномаи суд, дар 480 ҳолат бо аризаи ҳамсароне, ки аз зиндагии якҷо соҳиби фарзанд нашудаанд ва дар 10 ҳолат бо аризаи яке аз ҳамсарон аз ҳам ҷудо шудаанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий