< ҲУКМИ ЗИНДОНИ БУЗУРГМЕҲР ЁРОВ ВА НУРИДДИН МАҲКАМОВРО КАМ КАРДААНД » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ҲУКМИ ЗИНДОНИ БУЗУРГМЕҲР ЁРОВ ВА НУРИДДИН МАҲКАМОВРО КАМ КАРДААНД

ҲУКМИ ЗИНДОНИ БУЗУРГМЕҲР ЁРОВ ВА НУРИДДИН МАҲКАМОВРО КАМ КАРДААНД

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки бар асоси қонуни афв, ҳукми ду адвокати зиндонӣ – Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов – мутаносибан 6 сол ва 4 солу 3 моҳ камтар карда шудааст. Ёров ва Маҳкамов дар тирамоҳи соли 2015 дар пайи ба уҳда гирифтани ҳимояти аъзои боздоштшудаи ҲНИТ дастгир гардида, Ёров ба 28 соли зиндон ва Маҳкамов ба 21 соли зиндон маҳкум шуданд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳукми ҳардуро сиёсӣ меноманд ва борҳо аз мақомоти Тоҷикистон талаб кардаанд, ки Ёров ва Маҳкамовро озод кунанд. Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал низ раҳоии Бузургмеҳр Ёровро талаб кардааст.

Илҳом Маҳмудов, муовини сардори Идораи зиндонҳои Тоҷикистонрӯзи 26 ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "бар асоси қонуни афв шаш сол аз ҳукми Бузургмеҳр Ёров кам шудааст."

Ин иттилоъро дар суҳбат бо Озод ӣдар Додситонии кулли Тоҷикистон низ тасдиқ карданд. Масъулони шуъбаи назорати қонунгузорӣ дар муассисаҳои ислоҳии Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтанд, ба ҷуз аз Бузургмеҳр Ёров ҳамкори дигари зиндонии ӯ Нуриддин Маҳкамов ҳам шомили қонуни афв шудаастЯк манбаъ гуфтаз ҳукми Нуриддин Маҳкамов 4 солу 3 моҳ кам карда шудааст.

Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов чор сол пеш – дар тирамоҳи соли 2015, дар пайи ба ӯҳда гирифтани ҳимояти аъзои боздоштшудаи ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) ва таъсиси Кумитаи ҳимоят аз аъзои ҲНИТ дастгир шуданд. Ёров ибтидо ба 23 сол ва Маҳкамов ба 23 сол маҳкум шуданд. Баъдан бо баргузории ду мурофиаи дигар ҳукми зиндони Бузургмеҳр Ёров ба 28 сол расонда шуд.

Бузургмеҳр Ёров 9 июли соли 1971 дар оилаи адиби шинохтаи тоҷик Равшани Ёрмуҳаммад ба дунё омада, риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ баъди як муддати кӯтоҳи кор дар мақомоти корҳои дохилӣ дар миёнаи солҳои 90 ба кори адвокатӣ гузашт ва дар солҳои кораш дар Коллегияи адвокатҳои "Сипар”-и шаҳри Душанбе ба яке аз адвокатҳои шинохтаи Тоҷикистон табдил ёфт.

Бузургмеҳр Ёров дар гузашта дар чандин парвандаи пурсарусадо, аз ҷумла ҳамчун вакили дифои саҳомдорони ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр” дар пайи маҳкум ба зиндон шудани раиси ин ширкат Ҷӯрабек Охунов, ва ҳамчун намояндаи хонаводаи Бурҳон Абдуллоев дар баҳсаш бо додарарӯси президент Муҳибулло Саъдуллоев бар асари бозори "Ином” дар маркази ноҳияи Шаҳритӯс ширкат кардааст.

Бузургмеҳр Ёров ҳамчунин аз аъзои фаъоли ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Раҳматилло Зоиров буд ва дар интихоботи парлумонии соли 2015 номзадиашро ба вакилии Маҷлиси намояндагон гузошт, вале ӯро сабти ном накарданд.

Абрҳои сиёҳ болои сари Бузургмеҳр Ёров ва наздиконаш моҳи сентябри соли 2015 замоне ҷамъ шуд, ки ӯ ҳимояти роҳбарони боздоштшудаи ҳизби мухолифи наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ)-ро ба ӯҳда гирифт ва барои ҳимояти онҳо ҳатто Кумитаи дифоъ аз аъзои боздоштшудаи ҲНИТ-ро ташкил кард.

Дар поёни моҳи сентябри соли 2015 Бузургмеҳр Ёров аз ҷониби мақомоти вазорати корҳои дохила бо иттиҳоми қаллобӣ дастгир шуд.

Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи октябри соли 2016 ӯро бар асоси 5 моддаи Кодекси ҷиноятӣ – қаллобӣ, даъвати оммавӣ ба сарнагун кардани ҳукумат, барангехтани кинаву адоват, даъват ба ифротгароӣ ва сохтакорӣ ба 23 соли зиндон бо мусодираи молу мулк маҳкум кард.

Бузургмеҳр Ёров дар толори мурофиа баъди эълони ҳукмаш бо изҳори норозигӣ аз ин ҳукми шадид хитоб ба додрас ва айбдоркунандаи давлатӣ рубоии машҳури Абӯалӣ Ибни Синоро хонд:

Бо ин ду-се нодон, ки чунон медонанд,
Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон эшонанд.
Хар бош, ки ин ҷамоа аз фарти харӣ
Ҳар к-ӯ на хар асткофираш мехонанд.

Ин рубоӣ сабаби боз як парвандаи дигар ба зидди ин адвокат бо иттиҳоми таҳқири намояндагони додгоҳ ва додситонӣ шуд ва моҳи марти соли 2017 ба ҳукми Бузургмеҳр Ёров ду соли дигар афзуданд.

Ҳамин тавр, моҳи августи соли 2017 бо иттиҳоми таҳқири президент ба ҳукми Бузургмеҳр Ёров се соли дигар афзуда шуд ва ҳукмаш ба 28 соли зиндон расид.

Парвандаи таҳқири президентро ба зидди Ёровбар асоси як матлаби дар соли 2016 нашршуда дар сомонаи "Паём” бо номи "Адвокат аз президент болотар меистад”оғоз карда буданд

Мақолаи "Адвокат аз Президент болотар меистад” дар асл номаи Бузургмеҳр Ёров азбоздоштгоҳ ба созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ ва гузоришгари СММ буда, дар ин нома ӯ аз як баҳси соли 2014 дар додгоҳи Шаҳритӯс (даъвои молики қаблии бозори "Ином” Бурҳон Абдуллоевбо додарарӯси президентМуҳибулло Саъдуллоев) ёдовар шудааст.

Ёров дар он баҳс гуфтаасттибқи қонунҳои Тоҷикистонадвокат аз президент болотар меистад:"Дар прокуратураи н. Шаҳритӯсвилояти Хатлон ва Прокуратураи Генералии ҶТ бо такя ба қонунҳои омӯхтаамдурустии суханонамро тасдиқ намудам ва тамоми кормандони прокуратура ба ин ризо шудандки дар ҳақиқат «Адвокат аз Президент боло меистад.”

Аммо додгоҳ ин ҳарфҳои ӯро ҳамчун таҳқири президент маънидод кард ва ба вай се сол ҳукми зиндон дод.

Бузургмеҳр Ёров парвандаашро сирф сиёсӣ ва таъқиб барои иҷрои вазифаи касбиаш мешуморад.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башараз ҷумла Ҳуман Райтс ВотчАфви байналмилалӣ ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия низ Бузургмеҳр Ёровро маҳбуси сиёсӣ унвон мекунанд ва чандин бор аз ҳукумати Тоҷикистон раҳоии бе қайду шарти ӯ ва дигар вакилони мудофеи зиндониро талаб кардаанд.

Аммо мақомоти Тоҷикистон вуҷуди маҳбусони сиёсӣ дар зиндонҳои ин кишварро рад мекунанд ва мегӯяндафродечунБузургмеҳр ЁровШӯҳрат Қудратов, Нуриддин Маҳкамов ва Зайд Саидов, ки ҳомиёни ҳуқуқ онҳоро маҳбуси сиёсӣ меноманддар асл бо ҷурмҳои дигараз ҷумла барои қаллобӣ маҳкум шудаанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий