< Баҳси марзӣ: Олимзода бо вазири умури хориҷии Қирғизистон масъалаи марзро баррасӣ кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Баҳси марзӣ: Олимзода бо вазири умури хориҷии Қирғизистон масъалаи марзро баррасӣ кард

Баҳси марзӣ: Олимзода бо вазири умури хориҷии Қирғизистон масъалаи марзро баррасӣ кард
Вазири умури хориҷии Қирғизистон барои баррасии масоили марзӣ, сафири фавқуллодаи Тоҷикистон дар Қирғизистон Сӯҳроб Олимзодаро даъват намуд

Вазорати умури хориҷии Қирғизистон иттилоъ медиҳад, ки роҳбари ин ниҳод Чингиз Айдарбеков барои ҳалли демаркатсияи сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон,  сафири фавқуллодаи тоҷик дар Бишкек Сӯҳроб Олимзодаро даъват намуд.

Манбаъ меафзояд, ки ҷонибҳо масъалаҳои мубрами дуҷонибаи муносибатҳои Қирғизистон ва Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд.

Олимзода ва Айдарбеков санҷиши иҷрои созишномаҳои марбут ба демаркатмия ва делимитатсияи сарҳадотро баррасӣ карданд ва муайян намуданд, ки созишҳо то кадом сатҳ анҷом дода шудаанд.

Аз ҷумла, ҷонибҳо зарурати тезонидани ҷараёни гуфтушунидҳо оид ба ҳалли қарори сарҳади Қирғизистону Тоҷикистонро қайд карданд.

Таваҷҷӯҳи махсус ба масъалаҳои фаъолияти муштарак баҳри таҳкими ҳамкориҳои фаромарзӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуб зоҳир гардид.

Зимнан, сафир тоҷик Сӯҳроб Олимзода барои ҳамкориҳои судманди муштарак ба вазири қирғиз миннатдорӣ изҳор намуда, дар бораи корҳои ба нақша гирифташуда, ки ба густариши муносибатҳои дуҷониба мусоидат мекунад, гузориш дод.

Комментарии (0)

Оставить комментарий