
28.10.2019 шаҳрванд Қурбонова Санавбар Қурбоналиевна 1989 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. ҷ/д Пули-Сангин, деҳ. Тутқавул, кӯч. Яхпул ба ШВКД ш.Норак муроҷиат намуд, ки санаи 27.10.2019 сол шахсони номаълум аз чарогоҳи маҳаллаашон 1-сар чорвои калони шохдорро, ки арзишаш 3000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Камолов Сафаралӣ Хоҷаевич 1997 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. ҷ/д Пули-Сангин, деҳ. Тутқавул, кӯч. Ҳ.Шерозӣ х.29 дастгир карда шуд. Далели шайъӣ гирифта шуд. Барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ чораҳо андешида шуда, тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)