< ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда мешавад

ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як  сония мевазад. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво  тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7 ва рӯзона 20+25 дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 6-11 дараҷа  хунук ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 ва   рӯзона    15+20  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри   бебориш  шуда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона 25+30  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 5+10 ва рӯзона  20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 6+11  ва рӯзона 22+27  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ бо   суръати 3-8 метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 8+10 ва  рӯзона  25+27  дараҷа гарм мешавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий