< “Ман набераи сафири Тоҷикситонам”: ҳамлаи муҳоҷирон дар Екатеринбург ба варзишкор » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

“Ман набераи сафири Тоҷикситонам”: ҳамлаи муҳоҷирон дар Екатеринбург ба варзишкор

“Ман набераи сафири Тоҷикситонам”: ҳамлаи муҳоҷирон дар Екатеринбург ба варзишкор
Дар минтақаи Екатеринбурги Русия чаҳор муҳоҷири меҳнатӣ дар даҳлези метро ба варзишкори карате Денис Кухарев ва рафиқи ӯ ҳамла карданд

Дар минтақаи Екатеринбурги Русия чаҳор муҳоҷир ба варзишкори карате, чемпиони чандкаратаи ҷаҳон Денис Кухарев ва рафиқи ӯ Алексей Коковин ҳамла намуданд, иттилоъ додааст сомонаи рӯзномаи “Комсомолская правда”.

Денис Кухарев ба Екатеринбург барои гузаронидани чанд маҳфили омӯзишӣ барои кӯдакон сафар карда будаааст.

Дар бораи ин ҳодиса ба хабарнигорон рафиқи ӯ Алексей Коковин нақл кардааст.

Ба гуфтаи вай, занозанӣ дар истгоҳи метрои “Чкаловск” сурат гирифт. Нафароне, ки мехостанд ба онҳо ҳамла кунанд, комилан омода ва аз маҳорати куштӣ огаҳ буданд.

“Яке аз нафароне, ки саркори занозанӣ буд, дар назди дари метро ба теладиҳӣ шурӯъ кард. ба пешниҳодҳои оромшудан ба таҳдидҳо гузашт ва се нафари дигарро даъват кард. Онҳои муҳосира карданду мехостанд ба кисаҳои мо даст андозанд” , - гуфт Коковин.

Аммо шумори зиёд будани ҳамлагарон фоидае надод. Вақте, ки занозанӣ шурӯъ шуд, варзишкори карате пирӯз баромад. Кормандони ҳифзи ҳуқуқи Русия ҳамаи ин чаҳор нафарро дастгир кард ва ба идораи пулис интиқол доданд.

“Яке аз ин чаҳор нафар, ки худро дағалона рафтор мекард худро набераи сафири Тоҷикистон мегуфт ва аз пулис талаб мекард ӯро озод намоянд. Аммо кормандони пулис ба гуфтаҳои ӯ лабханд мезаданд”, - зикр кард варзишкор.

Дар идораи пулис маълум гардидааст, ки муҳоҷирон бо худ ҳуҷҷат ҳеҷ ҳуҷҷате надоштанд ва онҳои 6 моҳ пеш ба Русия барои кор омдаанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий