Пешсафии Бадахшон: нақшаи даъвати наваскарон дар вилоят 110 дарсад иҷро шуд

Бадахшон дар рӯзҳои аввали даъвати наваскарон ба хизмати ҳарбӣ, аллакай нақшаро беш аз 100 фисад иҷро намудаст
Дар Тоҷикистон феълан давраи тирамоҳии даъвати наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҷараён дорад.
Давоми 10 рӯзи аввали даъват ба хизмати ҳарбӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешсаф буда, аллакай 110 дарсади нақшаро иҷро намудаст.
Ба иттилои сухангӯи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Ориф Нозимиён, дар умум нақшаи даъвати наваскарон дар ҷумҳурӣ 45 фисад иҷро шудаст.
Гуфта мешавад, шаҳрҳои Исфара ва Истаравшан низ аз уҳдаи иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳӣ баромада, вилояти Хатлон наздики 32 дарсар плани ҷалби наваскарон ба хизмати ҳарбиро иҷро намудаст.
Дар Душанбе давоми 10 рӯзи маъракаи даъвати наваскарон ба хизмати ҳарбӣ 48 дарсад ба иҷро расидааст, афзудааст Ориф Нозимиён.
Маврид ба зикр аст, ки даъвати тирамоҳии наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз 1 октябр то 30 ноябри соли равон идома меёбад.
Комментарии (0)