< ШИКАСТИ КАБИРӢ ВА ТАРАФДОРОНАШ ДАР САҲА » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ШИКАСТИ КАБИРӢ ВА ТАРАФДОРОНАШ ДАР САҲА

ШИКАСТИ КАБИРӢ ВА ТАРАФДОРОНАШ ДАР САҲА
Суҳбати Кабирӣ оид ба натиҷаи нишасти Созмони Ҳамкории Амнияти Аврупо тариқи саҳифаҳоифейсбук расонида шуд. Ҳадаф аз ин суҳбат Кабирӣ мехоҳад, ки аз нав мардумро ба майдонҳо резад ва аз ҳисоби шуру валвала аз хоҷагони хориҷии худ маблағҳои калон ситонад. Ҳамзамон Кабирӣ бо баҳонаи рабудани модар яке аз ҳамнишишинони худ Маҳмудҷон Файзраҳмоновмехоҳад мақомоти қудратиро гунаҳгор кунад. Ин ҳодисаҳои ғайривоқеӣ барои Кабирӣ баҳонае мебошад, ки аз мавҷудияти худро дар майдонҳои сиёсӣ  нишон диҳад. Дар ноҳияи Ҷайҳун ягон нафар боздоштнашудааст, танҳо мақомоти кишвар дар ноҳияву вилоятҳо ҳақ дорад, бо шаҳрвандон суҳбат кунад ва ё дар асоси ягон воқеият вохӯрӣ намояд. Маҳмудҷон Файзраҳмонов тариқи расонаҳи Интернетӣ рабудани модари худро бо рангу бори махсус паҳн карда истодааст. Ин хизмати фарзанди арҷманд, ки нисбати модар мекунад ва фарзанди халаф ин мушкилотро ба оламиён хабар медиҳад. Чунин шеваи муборизаи  ғарикасбӣ бар он шаҳодат медиҳад, ки Кабирӣ бо кулли тарафдоронаш аз кӯчаи сиёсат нагузаштаанд. Вақте сиёсатмадор даршинохти як авлод ва гурӯҳи ҷинояткорон маҳдуд мешавад, бар ӯ мардум чӣ гуна умед баста метавонанд. Кабирӣ ақаллан аз дастовардҳои Тоҷикистон ҳарф намегӯяд, зеро ӯ ба муҳокимаи хешу ақрабои худ фирефта шудааст. Гӯё мушкилоти кишвар ва миллат хешу ақрабои ин ҷиноятпешагон мебошад. Имрӯз зиндагии мардум на аз ҳисоби ёрии башардӯстонае, ки шумо аз хурдани он маст шудаед, балки аз ҳисоби меҳнати ҳалол ва сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати ҶТ пеш ва беҳтар шуда истодааст. Ин услуби нигориши ҳар яки шуморо мардум медонад, ки аз шармандагӣ ҳар гоҳ ба рӯятон ниқоби нав мепӯшед. Имрӯз ниқоби нафақахӯрро дар бар доред, ки мардум ва нафақахӯрон медонанд, ки солҳои 90-ум шумо ба кадом даҳшатҳо даст задед. Имрӯз сафсатаҳои шумоён не, балки сохтмони НОБ-и Роғун, нақби Истиқлолва дигар сохтмонҳои бузург муаррифӣ карда истодааст. Шумо аз шабакаҳои иҷтимоӣ фақат ахлоқи бади худро муаррифӣ менамоед, ки ин хилофи миллатсозию ватандорӣ мебошад.  Натарсида ниқоби худро бикшоед ва аз муборизаҳо бемаънои худ даст кашед, зеро бо шумо на дини муқаддасиислом аст, на халқ аст, на Худои бузург. Шумо бо ин найрангбозиҳоятон дар хизмати шайтон мебошед. Боз мехоҳед ҳадафҳои шайтонии худро дар сари мардум таҳмил карда бошед, ки ин маротиб мардум ҳаргиз шуморо қабул надорад.
Telegra.ph​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий