
03.10.2019 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Давлатов Холит Назарович 1981 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Панҷоб, деҳ. Зафаробод, дар сомонаи интернетии “Одноклассники” саҳифа бо номи “Абу Оишаи Ансорӣ” кушода, бо ғоя ва мақсадҳои ифротгаронаи равияи экстремистии “Салафия” шинос шуда, онро қабул ва ҷонибдорӣ намудааст. Сипас аз соли 2015 то моҳи декабри соли 2017 тавассути суроғаи электронии худ аксу видеонавор ва ақидаҳои хусусияти экстремистидоштаи ин равияро дар саҳифаи худ бо номи “Абу Оишаи Ансорӣ” гузошта, бо таври оммавӣ дар байни мардум барангехтани кинаву адоват ва низоъи миллӣ, маҳалгароӣ, паст задани шаъну эътибори миллӣ, тарғиби бартарии шаҳрвандонро аз нигоҳу муносибати онҳо ба дин ва маҳал тарғиб намудааст. Айни замон шаҳрванд Давлатов Х.Н. дар Ф.Руссия қарор дорад. Нисбати шаҳрванд Давлатов Х.Н. аз ҷониби прокуратураи в.Хатлон аз санаи 03.10.2019-сол бо моддаи 189 қ.1 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)