
02.10.2019 шаҳрванд Сайдалиев Сафаралӣ Файзович 1985 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д К.Ғиёсов, деҳ. Тоҷикистони сурх ба ШВКД ноҳияи Ҷомӣ муроҷиат намуд, ки санаи 01.10.2019 сол тахминан соати 19.30-дақиқа шаҳрванд Сафарова Шоира Боронбоевна 1984 с/т, миллаташ тоҷик, ҷойи кораш корхонаи истеҳсоли шириниҳои ш.Душанбе, истиқоматкунандаи ҷ/д Қ.Ғиёсов, деҳ. Рӯдакӣ ӯро барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба хонаи истиқоматиаш даъват намуда, ҳангоми ботахтапушт хоббудани шаҳрванд Сайдалиев С.Ф. бо воситаи телефони мобилиаш тамғаи “Самсунг Ҷ-3” ӯро аксбардорӣ намуда, бо таҳдиди дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва Интернет интишор кардани аксҳо ва наворҳои беобрӯкунанда бо роҳи тамаъҷӯӣ 50.000-сомонӣ талаб кардааст. Санаи 02.02.2019 сол дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар назди бозори “Ориён”, воқеъ дар кӯч. Сомониён шаҳрванд Сафарова Ш.Б. ҳангоми аз шаҳрванд Сайдалиев С.Ф. гирифтани маблағи пулӣ дар ҳаҷми 4.000-сомонӣ дастгир карда шуд. Нисбати шаҳрванд Сафарова Ш.Б. парвандаи ҷиноятӣ таҳти бо моддаи 250 қ.1 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)