< Ҳалокати ду кӯдак ва бистарӣ шудани 4 тани дигар дар паи заҳролудшавӣ дар Фархор » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҳалокати ду кӯдак ва бистарӣ шудани 4 тани дигар дар паи заҳролудшавӣ дар Фархор

Ҳалокати ду кӯдак ва бистарӣ шудани 4 тани дигар дар паи заҳролудшавӣ дар Фархор
Пизишкони Беморхонаи "Шифобахш" вазъи чаҳор нафаре, ки аз истеъмоли гиёҳи заҳрогин, заҳролуд шуданд, мӯътадил арзёбӣ мекунанд

Бар асари заҳролудшавӣ аз як гиёҳи заҳрогин дар ҷамоати Гулшани ноҳияи Фархор, ду кӯдак ба ҳалокат расида ва чаҳор нафари дигар дар бемористони "Шифобахш" (собиқ Қарияи Боло)- и шаҳри Душанбе бистарӣ шуданд.

Аз дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, ки ҳодисаи нохуш рӯзи 28 - уми сентябр дар натиҷаи истеъмол намудани гиёҳи заҳрогин аз ҷониби 6 кӯдаки аъзои як хонавода дар Фархор рух додаст.Дар 

Ба иттилои сарчашма, Азизулло Сафарови шашсола ва Сумайя Сафароваи ҳаштсола бинобар сари вақт интиқол наёфтан ба бемористон ҷони худро аз даст доданд.

Чаҳор ноболиғи дигар фавран тариқи чархбол аз Фархор ба Душанбе ба бемористони "Шифобахш" интиқол дода шуданд.

Зимнан, пизишкон вазъи саломатии Маҳмадулло Сафарови 4 - сола, Сафарова Мадинаи 5 - сола, Сафарова умедаи 5 - сола ва Сафарова Мунираи 3 - сола мӯътадил арзёбӣ карданд ва ҳоло таҳти назорати доимии пизишкон қарор доранд.

Зикр мегардад, ки таркиби заҳри гиёҳ ва хуни ду кӯдаки фавтида барои ташхис ба Душанбе оварда шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий