< Файзов ба ноҳияи Мурғоб рафт ва омодагии сокинонро ба зимистон санҷид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Файзов ба ноҳияи Мурғоб рафт ва омодагии сокинонро ба зимистон санҷид

Файзов ба ноҳияи Мурғоб рафт ва омодагии сокинонро ба зимистон санҷид
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки бо сафари корӣ ба ноҳияи Мурғоб сафар намудаст, омодагии сокинони ин минтақаро ба мавсиси сармои имсола мавриди санҷиш қарор додаст

Раиси вилоят Ёдгор Файзов сафари кории худро аз мулоқот бо кормандони неругоҳи хурди барқии "Тоҷикистон", дар ноҳияи Мурғоб  оғоз намудаст.

Масъулини неругоҳи мазкур ба раиси вилоят ҳисобот дода, афзуданд, ки феълан неругоҳи барқии "Тоҷикистон"- и ноҳияи  Мурғоб пурра ба даври зимистон омодааст.

Ба иттилои як корманди масъули неругоҳ Холиқ Соҳибназаров, корҳои омодагӣ ба даври зимистонро неругоҳи мазкур аз оғози баҳор шурӯъ намуда, феълан тамоми корҳои профилактикӣ ба анҷом расида, неругоҳи "Тоҷикистон" пурра ба фасли сармои зимистон омода аст.

Бояд қайд намуд, ки дар гузашта неругоҳи мазкур ҳамагӣ 200 квт-соат неруи барқ тавлид намуда, 1200 хоҷагӣ дар як шабонарӯз аз 3 то 6 соат бо барқ таъмин мегаштанд.

Баъди навсозӣ иқтидори НБО "Тоҷикистон" то ба 1 ҳазору 500  квт-соат расонда шуд. Агар оби рӯди Оқсу аз меъёр зиёд ях набандад, неругоҳ имконият дорад бидуни реҷа ба манзили сокинони ноҳия неруи барқ интиқол диҳад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий