< КРЕДИТ ГИРИФТУ БОЗПАС НАГАРДОНД » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

КРЕДИТ ГИРИФТУ БОЗПАС НАГАРДОНД

КРЕДИТ ГИРИФТУ БОЗПАС НАГАРДОНД
17.09.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Шафиева Шаҳло Набиевна 1966 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. Борбад х.128, ҳ.8 дастгир карда шуд. Номбурда, санаи 05.12.2013 сол дар асоси ордери хароҷотӣ аз филиали ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”-и н.Фирдавсӣ барои ба соҳибкорӣ машғул шуданаш 29.000-доллари ИМА ба мӯҳлати 12-моҳ бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои таҳрифшуда ва бе огоҳии кафилон қарз гирифтааст. Шаҳрванд Шафиева Ш.Н. бо ин кирдораш ба ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”-и мазкур ба маблағи 282.073-доллари ИМА зарари калон расонидааст. Нисбати шаҳрванд Шафиева Ш.Н. аз ҷониби прокуратураи Генералии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 246 қ.2 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий