< "Гарон бе ҳикмат нест": Худоёрзода гуфт, чаро ҳаққи IRS боло рафт » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

"Гарон бе ҳикмат нест": Худоёрзода гуфт, чаро ҳаққи IRS боло рафт

"Гарон бе ҳикмат нест": Худоёрзода гуфт, чаро ҳаққи IRS боло рафт
Худоёрзода, собиқ вазири нақлиёти Тоҷикистон ва ноиби феълии мудири ширкати роҳбон дар масири Душанбе – Чаноқ, сабабҳои боло бурдани нарх аз ҷониби IRS-ро ном бурдаст.

Ӯ дар суҳбат бо хабаргузории “Ховар” изҳор доштааст, ки 13 соли кори IRS собит намуд, ки пулакӣ кардани ин роҳ тадбири оқилона буда, барои беҳдошти ҳолати роҳи стратегии кишвар дахл дорад.

Собиқ вазири нақлиёт дар шарҳи болоравии ахири нарх ва интиқодҳо аз он, изҳор доштааст, ки афзоиш ба ҳисоби миёна, бо назардошти 358 километр роҳ 7 фоиз аст, аммо баъзеҳо болоравии нархро таҳриф карда, то 50-70 фоиз арзёбӣ намудаанд.

Вай афзуд, дар давоми солҳои 2009 – 2021, бо вуҷуди зарурат, IRS ягон бор тарифҳои худро боло набурдааст. Ӯ зикр намудааст, ки 90 фоизи убури автомобилҳо аз плазаҳои толлингӣ ба категорияи якум, яъне мошинҳои сабукрав рост меоянд.

“Муқаррар шудани нархҳои пасттарин барои ин категория дар доираи сиёсати иҷтимоии корпоративи филиали Ширкат далели он аст аст, IRS гирифтани фоидаи зиёдро мадди назар надорад. Вагарна, бояд баръакас бошад”, - далел овардааст Худоёрзода.

Сабаби дигарро болоравии қурби доллар гуфтааст, ки агар соли 2009 қурби як доллар ба 3,45 сомонӣ баробар буд, феълан ин нишондиҳанда муодили 11,3 сомонӣ мебошад.

Худоёрзода инчунин аз таваррум зикр намудааст, болоравии сӯзишворӣ, ки барои мисол, нархи бензин аз 3 сомонӣ ба 12 сомонӣ расидаст.

Инчунин зикр шудааст, ки агар соли 2009 кормандони филиали Ширкат ҳамагӣ 24 нафар буданд, ҳоло 872 нафар фаъолият доранд.

Ба гуфтаи собиқ вазир, зимни таъйини нархҳои ҷадид ба пардохти ғайринақдӣ бартарӣ дода шуда, тавзеҳ додааст, ки гузариш аз плазаи толлингии Варзоб, ки то ин вақт 3 сомониро ташкил медод, ҳамагӣ 4 сомонӣ хоҳад буд.

Дар идома инчунин аз хароҷот барои хариди техника, бунёди корхонаҳои асфалт, нигоҳдории роҳ, сохтмони пулҳо, соҳилмустаҳкамкунӣ ва дигар хароҷоти ширкат зикр шуда, ҳамчун омилҳои муҳими болоравии нарх арзёбӣ намудаст. Дар охир Худоёрзода аз мақоли халқӣ зикр намудаст, ки "арзон бе иллат нест, гарон – бе ҳикмат".


Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий