Вуруди бархе аз муҳоҷирон ба Русия манъ мешавад: фармони нави ВУД
Мӯҳлати будубоши муваққатии муҳоҷирон дар қаламрави Русия дар сурати саркашӣ аз муоинаи ҳатмӣ, тибқи фармони сомонаи расмии Вазорати умури дохили Русия метавонад кам карда шавад.
Рӯйхати расмиёти ҳатмӣ, бақайдгирии давлатии изи ангушт, аксбардорӣ ва муоинаи тиббиро дар бар мегирад.
"Мӯҳлати будубоши муваққатии шаҳрванди хориҷӣ дар Федератсияи Русия ба далели саркашӣ аз сабти ҳатмии давлатии изи ангушт, аксбардорӣ, муоинаи тиббӣ барои муайян намудани мӯътодони маводи мухаддир, кӯтоҳ карда мешавад", - омадааст дар хабари вазорат.
Инчунин, дар сурати ошкор шудани бемориҳои сироятии барои гирду атроф хатарнок, аз ҷумла ВНМО мӯҳлати будубош кӯтоҳ карда мешавад.
Зикр гардид, ки дар сурати мавҷуд будани яке аз ин далелҳо қарори кам кардани мӯҳлати будубош на дертар аз се рӯзи корӣ қабул карда мешавад.
Маълумоти зарурӣ ба шаҳрванди хориҷӣ бобати ташриф овардан ба шӯъбаи муҳоҷират дар давоми 24 соат пас аз қабули қарор расонда мешавад. Аз натиҷаи қарор муҳоҷирро тариқи телефон ва ё суроғаи электронӣ хабардор мекунанд.
Гуфта мешавад, фармони мазкур аз 29 декабри соли 2021 эътибор пайдо мекунад. Қаблан Вазорати корҳои дохилии Русия дар бораи манъи вуруди 400 муҳоҷир ба Русия барои 40 сол хабар дода буд. Онҳо барои занозанӣ ва дигар қонуншиканиҳо чунин мӯҳлат гирифтанд.
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)