< Ҳушдори мақомдорони Хатлон: зимистони оянда аз гузашта сардтар хоҳад шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҳушдори мақомдорони Хатлон: зимистони оянда аз гузашта сардтар хоҳад шуд

Ҳушдори мақомдорони Хатлон: зимистони оянда аз гузашта сардтар хоҳад шуд
Ҳукумати вилояти Хатлон гузориш дод, ки то аввали моҳи ноябр нақшаи захираи ангишт дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ аз 20 то 80 дарсад таъмин гардидаст.

Дастрасӣ ба ҳезум низ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Норак, Левакант, Кӯшониён, Хуросон, Қубодиён, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Абдураҳмони Ҷомӣ, Носири Хусрав, Муъминобод, ва Шамсиддини Шоҳин аз 30 то 40 фисад таъмин гардидааст, хабар дод "Ховар" бо такя ба ҳукумати Хатлон.

Дар феҳрасти камбудиҳо, зикр шудааст, ки захираи сӯзишвории дизелӣ дар баъзе шаҳру навоҳӣ ба талабот ҷавобгӯй нест.

Заробиддин Файзуллозода, ноиби раиси Хатлон, ки ҳамчунин раиси Ситоди вилоятӣ оид ба зимистонгузаронӣ мебошад, масъулини шаҳру ноҳияҳоеро, ки омодагиашон ба фасли сармо дар сатҳи зарурӣ нест, интиқод намуда, таъкид кардааст, ки камбудиҳоро ислоҳ намоянд.

Ноиби раиси Хатлон як ҳафта муҳлат додааст, то масъулин норасоиҳо дар омодагиҳо ба зимистонро бартараф кунанду ва аз кори анҷомдодаашшон ба мақомоти иҷроияи вилоят гузориш диҳанд.


Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий