Нигаронии мақомоти тоҷик аз таксиронҳои маст дар Душанбе
Генерал Шариф Назарзода, сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар як ҷаласаи ахир гуфт, ки дар 9 моҳи соли равон аз сӯйи ронандаҳои нақлиёти мусофиркаш (таксӣ) 6 далели дар ҳолати мастӣ ва 18 далели зери таъсири воситаҳои нашъадор идора намудани нақлиёт сабти ном шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, ин нигарониҳои генерали тоҷик дар мулоқоти муштараки роҳбарияти шаҳрдории Душанбева Раёсати ВКД дар пойтахт бо роҳбарону масъулини ширкатҳои мусофиркашонии ҷамъиятӣ, давлативу хусусӣ, масъулини бахшу хадамоти назорати роҳу нақлиёти Душанбе, садо додааст.
Назарзода дар ин ҷаласа таъкид доштааст, ки “яке аз мушкилоти ташвишовар дар он аст, ки баъзе ронандаҳои таксӣ дар ҳолати мастӣ махсусан сархушӣ аз воситаҳои нашъадор ронандагӣ карда садамаҳои нақлиётиро содир намудаанд, ки воқеан боиси нигаронист”.
Вай гуфт, сарфи назар аз аз чораҳои андешида дар давоми 9 моҳи соли 2021 аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбар 29 садама сурат гирифтааст, ки бар асари онҳо 4 нафар ба ҳалокат расида, 31 нафар захмӣ шудаанд.
Тибқи таҳлилҳои ин ин ниҳод дар муқоиса ба соли гузашта теъдоди ҳодисаи нақлиётӣ 7,4 дарсад ва маҷруҳон 24 дарсад афзоиш ёфта, хушбахтона шумораи ҳалокшудагон 1 нафар ё 20 дарсад коҳиш ёфтааст.
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)