< Боздошти марди чолок: “Комбинати орди Душанбе”-ро фиреб дод » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Боздошти марди чолок: “Комбинати орди Душанбе”-ро фиреб дод

Боздошти марди чолок: “Комбинати орди Душанбе”-ро фиреб дод
Вазорати умури дихолии Тоҷикистон аз боздошти марди 33-сола хабар доданд, ки дар қаллобӣ гумонбар дониста мешавад.

Бино бар иттилои манбаъ, ахиран раҳбарияти ҶДММ “Комбинати орди Душанбе” ба Шӯъбаи Вазорати умури дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат мактуб равон кардааст, ки маррди 33-солаи сокини шаҳр бо роҳи фиреб ба боварии роҳбарияти “Комбинати орди Душанбе” даромада, корхонаро фиреб додааст.

Манбаъ таъкид кардааст, ки номбурда аз “Комбинати орди Душанбе” барои фурӯш ба маблағи 776 ҳазору 50 сомонӣ маҳсулоти орд гирифта, маблағашонро то ҳол барнагардонидааст.

Дар ҳоли ҳозир, аз ҷониби кормандони милитсияи Тоҷикистон тафтишоти ҳодиса идома дорад.

Ёдрас мешавем, ки арзиши орд, маҳсулоти асосии ғизоӣ дар Тоҷикистон афзудааст.

Бино ба гуфти фурӯшандаҳо, қимати орд тайи рӯзҳои охир дар бозорҳои кишвар якбора 10-20 сомонӣ боло рафта, ба 270-310 сомонӣ баробар шудааст.

Бар асоси охирин додаҳо, соли равон дар Тоҷикистон 684 ҳазору 419 тонна гандум истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 48 ҳазору 414 тонна зиёд мебошад.

Тоҷикистон дар сол ба ду миллион тонна гандум ниёз дорад.

Дар ҳамин ҳол аксари ронандаҳои мошинҳои боркаш сабаби болоравии нархи маҳсулоти бозор, аз ҷумла ордро ба гароншавии қимати маводи сӯхт, бензину сӯзишвории дизелӣ (солярка) нисбат медиҳанд.



Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий