< Сабабҳои асосии гум шудани хотира маълум шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Сабабҳои асосии гум шудани хотира маълум шуд

Сабабҳои асосии гум шудани хотира маълум шуд
Олимони Муассисаи миллии солхӯрдагии ИМА сабабҳои асосии аз даст додани хотираро номбар карданд, менависад портали "Eat This!".

Ба гуфти онҳо, пирӣ, камхобӣ, афсурдагӣ, аксуламалҳои ғайримуқаррарӣ ба доруҳо, истифодаи машрубот, осеби сар ва норасоии витамини В12 боиси аз даст додани хотира мегардад.

"Бо гузашти замон дар тамоми узвҳои бадан, аз ҷумла мағзи сар низ тағйирот ба амал меояд. Дар натиҷа, баъзеҳо шояд пай мебаранд, ки барои омӯхтани чизҳои нав вақти бештар лозим аст, онҳо дигар иттилоотро хуб дар хотир гирифта наметавонанд", - гуфтанд олимон.

Бемории ҷиддии мағзи сар метавонад ба хотира таъсир расонад, ки мунҷар ба рӯ ба рӯ шудани фард ба мушкилоте назири дар хотир нигоҳ доштани натавонистани маълумот ё рӯйдодҳои ба наздикӣ рухдода, мушкилии муошират, масалан, дарёфти калимаҳои мувофиқ дар зимни суҳбат мешавад.

Ин гуна одамон метавонад дар мавзеи шинос гум шаванд, аксар вақт дастурҳоро бо иштибоҳ истифода ва одамонро фаромӯш мекунанд.


Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий