Аз худкушӣ то қаллобию авбошӣ: мардуми Бӯстон чӣ гуна ҷиноёт содир кардаанд
Дар 9 моҳи гузашта дар шаҳри Бӯстон ва манотиқи атрофи он 7 ҷиноят содир шудааст, хабар медиҳад ВКД бо такя а ҳисоботи нозири минтақавии милитсия Исматилло Нарзиев.
Ба иттилои Нарзиев дар ин муддат аз ҷумла 3 қаллобӣ, 2 ҷинояти дуздӣ, яктогӣ авбошӣ ва ба худкушӣ расонидан ба қайд гирифта шуда, 94 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор шудааст.
Дар ҳисоботи худ нозири минтақавӣ оид ба масъалаҳои вазъи ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила, роҳҳои пешгирӣ аз муноқишаҳои оилавӣ ва дигар ҳолатҳои ба содиршавии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунӣ мусоидаткунанда гуфтааст.
Таъкид гардидааст, ки шаҳри Бӯстон 36 ҳазору 700 нафар аҳолӣ дошта, 7 нозири минтақавӣ барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон вобаста гардидааст.
Вохӯриҳои ҳисоботӣ дар доираи "Барномаи давлатӣ оид ба ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025" оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрванди ба ислоҳоти милитсия бо аҳолии минтақаҳои маъмурӣ гузаронида шудааст.
Гуфта мешавад, ки ҳадафи асосии ингуна чорабиниҳо ҷалби шаҳрвандон ба ҳамкорӣ мебошад.
Ин вохӯрӣ дар гимназияи №2-юми шаҳри шаҳри Бӯстон баргузор гардид.
Дар он намояндагони 8 гузару маҳаллаи минтақаи маъмурӣ Ғалаба, Ҳофизи Шерозӣ, Носири Хисрав, Айнӣ, Урмон Бобоев, Сотим Улуғзода, Ҳувайдуллоев ва Хуҷандӣ аз ҳолати воқеии криминогении маҳалли зист дар давраи 9 моҳи соли ҷорӣ огаҳӣ ёфтанд.
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)