Ҳамлаи паланги гурусна ба деҳае дар Помир
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон паланги гуруснае чорвои сокинони маҳаллиро нобуд ва захмӣ кардааст, хабар медиҳад, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.
Ҳодиса 20 октябр тахминан соати 04:00 ба вақти маҳаллӣ дар деҳаи Зонг рух додааст. Ҳайвони ваҳшӣ ба чорвоёни як сокини маҳаллӣ, ки дар оғилаш буд, ҳамла кардааст.
"Паланг 31 сар чорвои хурди шохдорро нобуд карда, ҳамчунин 8 гӯсфанду ду говро захмӣ кард", - омадааст дар гузориш.
Дар пайи и н ҳодиса, КҲФ тавсияҳо медиҳад, ки чӣ гуна чорворо аз ҳамлаҳои палангҳо ва хирсҳо, ки бо фарорасии ҳавои сард хеле фаъоланд, муҳофизат кардан мумкин аст. Барои муҳофизат аз чаронидани бепосбони чорво пешгирӣ бояд кард.
Ҳар гуна чаронидани чорво бояд танҳо дар вақти рӯз ва ҳамроҳии чӯпон сурат гирад. Ӯ бояд таҷҳизоти муҳофизати инфиродӣ дошта бошад, то даррандаҳоро тарсонад.
Аз сокинони деҳаҳои кӯҳистонӣ даъват мешавад, ки чорвои худро дар ҷойи бехатар нигоҳ доранд. Ҳама фермаҳо, оғилхонаҳо, говхонаҳо, бояд девори баландии на камтар аз 2,5 метр дошта бошанд.
Сагҳои хонагӣ бояд барои посбонӣ бошанд ва барои бехатарии онҳо низ макони муносиб омода кард
Раёсат шарҳ дод, ки ҳама ҷасади ҳайвоноти мурда тариқи сӯзондан бояд нобуд карда шаванд.
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)