< Ноболиғи 7-солае зери чархи "Мерседес-Бенс" ҷон бохт » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ноболиғи 7-солае зери чархи "Мерседес-Бенс" ҷон бохт

Ноболиғи 7-солае зери чархи "Мерседес-Бенс" ҷон бохт
Ноуҳдабароии ронандаи худрави "Мерседес-Бенс" дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боиси марги духтарчаи 7-сола шуд, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилӣ.

Тибқи иттилои ин ниҳод, ҳодисаи нохуш нисфирӯзии 18-уми октябр, соати 14:30 дақиқа рух додааст.

Гуфта мешавад, ки ронандаи худрави тамғаи "Мерседес-Бенс", сокини 30-солаи шаҳри Истиқлол ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Д. Холматови ноҳияи Б. Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.

Дар ҳамин ҳол ронанда пиёдагарди ноболиғ, сокини 7-солаи ҷамоати деҳоти Д. Холматовро пахш намудааст.

"Дар натиҷа ноболиғ Абдуҳафиззода М. ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабар.
Манбаъ афзуда, ки таҳқиқи ҳодисаи мазкур идома дорад.


Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий