< Иззат Амон ба 9 сол равонаи зиндон шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Иззат Амон ба 9 сол равонаи зиндон шуд

Иззат Амон ба 9 сол равонаи зиндон шуд
Иззат Амон ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик ва роҳбари "Маркази тоҷикон"-ро Додгоҳи шаҳри Душанбе муҷрим шинохта, ба муддати 9 сол равонаи зиндон кард.

Дар ин бора манбаи Sputnik Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои вай, вакили дифои Иззат Амон, аз қарори суд изҳори норозигӣ намуда, гуфтааст, ки "шикояти кассатсионӣ менависанд".

Иззат Амон, раиси созмони "Маркази тоҷикон" дар Маскав, ки бештар аз ҳаққи муҳоҷирони тоҷик ҳимоят мекард, рӯзи 25-уми марти имсол аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва сипас аз қаламрави ин кишвар ронда шуд. Пас аз як рӯзи он мақомоти Тоҷикистон аз боздошти ӯ дар Душанбе хабар доданд.

Ба иттилои мақомот, Иззат Амон бар асоси даъвои чанд нафар дастгир шуда, ба қаллобӣ гунаҳкор шудааст. Наздиконаш аксар даъвоҳоро бепоя медонистанд, вале гуфтанд, ба хотири раҳоии ӯ пули даъвогаронро супурданд. Ҷонибдоронаш бовар доранд, боздошту ҳукми Иззат Амон дар асл дорои ангезаҳои сиёсӣ аст.

Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий