Дар Зафаробод марди 39 - сола ҳамдеҳаашро кушт
Кормандони милиса дар ноҳияи Зафаробод сокини 39 - солаи деҳоти Равшанро дастгир намуданд, ки дар қатли ҳамдеҳаи худ гумонбар дониста мешавад.
Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҳодиса дар манзили истиқоматии гумонбаршуда сурат гирифтааст.
Зикр мегардад, ки марди муттаҳам дар ҳолати мастӣ бо ҳамдеҳаи худ, марди 35 - сола вориди муноқиша шуда, охиронро се маротиба бо корд задааст.
Манбаъ меафзояд, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Дар ҳамин ҳол, ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)