Президент дар Порис бо фарзанди Оқохони IV вохӯрду таманниёти Аълоҳазратро шунид
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки феълан дар шаҳри Порис қарор дорад, бо фарзанди имоми исмоилиёни ҷаҳон, Шоҳ Карим ал- Ҳусейнӣ Оқохони IV вохӯрд.
Котиботи AKDN аз ин вохӯрӣ чанд акс мунташир намуда, навиштааст, ки вохӯрии Шоҳзода Раҳим ва Эмомалӣ Раҳмон дар як чорабиние иттифоқ афтод, ки ба 30 -юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шуда буд.
Ин чорабинӣ дар бинои Қасри ЮНЕСКО баргузор гардид.
Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ, Шоҳзода Раҳим ба раисҷумҳури Тоҷикистон таманиёти самимии Волоҳазрат Оқохони IV - ро расондааст.
Шоҳзода Раҳим изҳор доштааст, ки Аълоҳазрат дуогӯи ҳамешагии шукуфоии Тоҷикистон аст.
Зикр гардид, ки ҷонибҳо оиди ҳамкориҳо ва дастовардҳои шабакаҳои Оқохон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуданд.
Сарчащма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)