< Душанбе аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа аз Афғонистон хабар дод » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Душанбе аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа аз Афғонистон хабар дод

Душанбе аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа аз Афғонистон хабар дод
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов зимни нишасти сарони хадамоти амниятӣ ва иктишофии кишварҳои узви ИДМ дар Маскав аз афзоиши таҳдидҳо аз Афғонистон сухан гуфт.

Ба гуфтаи Ятимов, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, муҳимоти ҷангӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон дар чанд моҳи охир ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.

"Мо шиддат гирифтани талошҳои қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, муҳимоти ҷангиро эҳсос мекунем, аз ин рӯ Тоҷикистон воқеан чунин мавқеъро пеш гирифтааст - бояд 24 соат омода буд ва шабу рӯз кор кард", - гуфт раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ.

Илова бар ин, ӯ шарҳ дод, ки вазъи кунунӣ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба тамоми ИДМ таҳдид мекунад.

Ин махсусан метавонад таъсир расонад ба минтақаҳое, ки аҳолии мусулмон доранд, гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Ятимов, "талоши мушаххаси" террористон вуҷуд дорад, ки дини исломиро ҳамчун ноором кардани вазъ дар минтақа истифода баранд.

Вазъ дар Афғонистон авоили моҳи август, замоне шиддат гирифт, ки Толибон (ҳаракати террористии ваъолияташ дар Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ) ҳамлаи худро ба нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, санаи 15 август Кобулро зери дасти худ гирифтанд.

Президенти пешини ин кишвар Ашраф Ғанӣ аз кишвар ба Иморот фирор кард ва низоми қаблӣ пурра суқут кард.

Толибон (ҳаракати террористии ваъолияташ дар Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ) аввали моҳи сентябр кобинаашонро эълон карданд, ки боиси эътирозҳо гардид ва ҳамашумул набудани он низ боис шуд, ки то кунун ҳеҷ кишваре онҳоро ба расмият нашинохтааст.


Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий