< Нақшаи даъват ба артиш дар Тоҷикистон 40% иҷро шуд: ВМКБ пешқадам » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Нақшаи даъват ба артиш дар Тоҷикистон 40% иҷро шуд: ВМКБ пешқадам

Нақшаи даъват ба артиш дар Тоҷикистон 40% иҷро шуд: ВМКБ пешқадам
Аз Вазорати дифои Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки давоми 10 рӯзи маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ чанд дарсади нақшаро иҷро карданд.

Ба иттилои манбаъ, ВМКБ сад дарсади нақшаро иҷро карда, навоҳии тобеи марказ аз уҳдаи иҷрои 96 дарсади нақша баромадаанд.

Аллакай дар ин минтақа ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Роштқалъа, Шуғнон, Мурғоб ва шаҳри Хоруғ пурра нақшаро ба анҷом расонидаанд.

Аз рӯзи оғози маъракаи даъватӣ то санаи 10 октябр иҷрои маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар вилояти Суғд 32 фоиз иҷро шудааст.

Манбаъ афзуд, вилояти Хатлон 25 дарсади нақшаро иҷро карда, дар ин минтақа танҳо ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз анҷоми пурраи даъват хабар додааст. Навоҳии тобеи марказ бошанд, 61 фисади нақшаи даъватро иҷро кардаанд. Шаҳру навоҳии Ваҳдат, Рашт, Нуробод, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш бошанд, аз анҷоми нақшаи пешбинишуда гузориш додаанд.

Шаҳри Душанбе бошад давоми 10 рӯз 49 фоизи нақшаи тирамоҳии даъват ба артишро иҷро кардааст.

Даъвати тирамоҳӣ аз 1-уми октябр оғоз шуда, то 30-юми ноябр идома меёбад. Шаҳрвандоне, ки то рӯзи даъват ба синни 18 расидаанд, ба саффи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷалб мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон усули даъват ба хидмати сарбозӣ тағйир ёфтааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар авоили соли 2021, пас аз ризоияти парлумон Қонун "Дар бораи уҳдадории умумии низомӣ" дар таҳрири навро имзо кард, ки бар асоси он, ҷавонон акнун метавонанд пас аз пардохти маблағи муайян аз хидмати дусолаи низомӣ озод шаванд.

Маблағе, ки барои озод шудан аз хидмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, 25,2 ҳазор сомонӣ (ё 2,2 ҳазор доллар) мебошад.

Ҳамчунин, тибқи қонуни нав, хатмкунандагони донишгоҳҳо ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд, онҳо бояд як сол дар артиш хидмат кунанд.

Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий