< Дастгир шудани марди 74-сола барои латукӯби зани ҷавонаш » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дастгир шудани марди 74-сола барои латукӯби зани ҷавонаш

Дастгир шудани марди 74-сола барои латукӯби зани ҷавонаш
Сокини 74-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ айбдор мешавад, хабар додааст Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Ба иттилои ВУД, дар пайи тафтишот маълум шудааст, ки марди солхӯрда ҳанӯзи рӯзи 8-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 12:00, дар хонаи истиқоматиаш, ҳамсараш зани 37-соларо латукӯб намудааст.

Ташхиси судӣ-тиббӣ нишон додааст, ки зан ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ ба саломатиаш бардоштааст.

ВУД мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Қаблан мақомоти умури дохилии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки дар кишвар бисёре аз ҳолатҳои ҷиноёти сангин дар доираи хонавода сурат мегиранд. Мақомоти умури дохилӣ бо зикр муноқишаҳои фоҷиабори хонаводагӣ, шаҳрвандонро ба таҳаммулпазирию ҳамдигарфаҳмӣ дар оила даъват намуданд.

Сарчашма:​sputnik-tj.com​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий