Боздошти зан бо иттиҳоми дуздӣ дар бозори "Корвон"
Зани ҷавоҳиротфурӯше ба идораи милиса дар ноҳияи Фирдавсӣ муроҷиат карда, аз мавриди дуздӣ дар мағозааш шикоят кардааст.
Ба иттилои ВУД, муроҷиаткунанда, сокини 34-солаи пойтахт арз доштааст, ки рӯзи 20-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 13:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили мағозаи тилловориаш, воқеъ дар бозори "Корвон", 1 ҷуфт гушвори тиллоиро дуздида, ғайб задаанд.
Манбаъ арзиши гӯшворҳои дуздидашударо 5 ҳазор сомонӣ арзёбӣ кардааст.
Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, дар пайи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ зани 36-солаи сокини ноҳияи Восеъ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон афзуд, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)