ИШТИРОКИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ШАҲРВАНДОНИ ҶТ ДАР ВОҲИДҲОИ МУСАЛЛАҲ
22.04.2020 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ш-нд, Раҳмонов Ҳамдулло Ҷивонович 1985 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. ҷ/д С.Айни, деҳ. Хуросон, (Уяли), бо тахаллуси “Қори-Юсуф”, соли 1993 бо аҳли хонаводаашон, ба ВМКБ н.Ванҷ, ҷ/д Язғулом, деҳ. Вишфар, ба хонаи ш-нд, Назаров Баҳромшо Маназарович 1985 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, барои муваққатан зиндагони намудан рафтаанд. Номбурда аввалҳои соли 1995 бо роҳбаладии шахсони ба тафтишот номаълум тавассути н.Ванҷ, ғайриқонунӣ сарҳади ҶТ-ро убур намуда, ба Ҷ.И.Афғонистон, рафта дар онҷо ба ҳайъати гуруҳҳои ифротгарои экстремистӣ-террористии “ДИИШ”, ки бо ҳалномаи Суди Олии ҶТ аз 14.04.2015 сол ташкилоти экстремистӣ-террористӣ эътироф гардидааст шинос шуда, онҳоро қабул ва ҷонибдори намудааст. Сипас соли 2016 дар ҳолатҳои номаълум ба ташкилоти экстремистӣ-террористии “ДИИШ” пайваста то инҷониб аъзои фаъоли ташкилоти мазкур фаъолият намуда, тавассути барномаи интернетӣ ба ҷалби ш-ндон машғул шуда роҳбари яке аз ҷузъу томи таркибии ташкилоти мазкур фаъолият намуда, дар воҳидҳои мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ва амалиёти ҷангӣ ба муқобили ҳукумати қонунии Давлати Сурия иштирок карда истодааст. Оиди ҳолати мазкур аз тарафи ситоди ягонаи Ҷумҳурияви нисбати ш-нд, Раҳмонов Ҳ.Ҷ бо моддаи 4011 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)