< Аз ҷараёнҳои хатарзхо дур бошем » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Аз ҷараёнҳои хатарзхо дур бошем

Аз ҷараёнҳои хатарзхо дур бошем


Ҷомеаи имрӯзаи моро равияҳои номатлубу зишт фаро гирифта, он ба мафкураи насли ҷавон таъсири манфӣ расонида истодааст. Имруз душманони миллати тоҷик дар хориҷ аз кишвар паноҳ бурда ба бадном кардани давалут ҳукумати мо машғуланд. Онҳо бо иғвою дасисабозиҳои худ мехоҳанд Тоҷикистони моро норм сохта, истиқлолияти оноро барбод диҳанд. 

Вазъи имрӯзаи ҷаҳон торафт муташанниҷ гашта, ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ ҷавонони ноогоҳ ва дурр аз сиёсатро ба доми худ гирифтор намуда, ҳадафҳои нопокашонро пиёда месозанд.

8-уми аперли соли равон Президенти Амрико, ҷаноби Доналд Трамп, дар Қасри сафед, Корпуси муҳофизатии инқилоби исломии Эронро ба қатори ташкилотҳои террористӣ-экстремистии байналмиллаӣ шомил намуд. ӯ аз ҷумла иброз дошт, ки Корпуси муҳофизати инқилоби исломиро терроризим ҳамчун фишанги давлат истифода бурда, он аз тарафи давлат маблағгузори  карда мешавад. Имрӯз мамлакати Эрон бо нафту газ бой аст, аммо аҳолии бешатри он зиндагии қашшоқонаро аз сар гузаронида истодаанд.

Роҳбариятм мамлакат ташкилотҳои террористӣ-экстремистиро маблағгузори намуда, онҳоро бо техникаи ҷангӣ таъмин менамояд ва барҳри роҳандози намудани мақсадҳот нопокаш истифода мебарад.

Дар шаҳрҳои Теҳрон, Гургон, Қум, ва Қарочи ҶИЭ лагерҳои махсусӣ террористӣ амал доранд, ки ба қатлу куштори ҳодимони давлатӣ, олимон ва инчунин, журналистони Тоҷикистон машғул буданд. Ҳатто дар мадрасаҳои Қум ва Гургони Эрон бо кумаки Ҳизби наҳзати ислом шаҳрвандони Тоҷикистонро омодагии ҷангӣ медиҳанд.

Террористон ҳамеша ҷавонони нодон, андакандешаро баҳри амалӣ намудани амалҳои нопокашон истифода мебаранд. Аммо насли ҷавони мо набояд зиракии сиёсиро аз даст дода, фирефтаи душманони миллат гардаднд.

Моро зарур аст, ки дар атрофи Президенти кишвар муҳтарм Эмомали Раҳмон мутаҳид гашта, сиёсати давлату ҳукуматро дастгирӣ намуда, ба бунёдкориву созандагӣ ҷиддан машғул бошем.

Мардуми азияткашидаи Тоҷикистон даҳшати ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронд ва дигарбора намехоҳад, ки он боз аланга занад.

Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ, Пешвои миллат Эмомали Раҳмон, терроризму экстремизмро ҷараёнҳои хатарзои ҷаҳонӣ элон дошта онро аз бомбаи атомиҳам хатарнок арзёбӣ намуданд.

Ҳизби наҳзати исломӣ ба ҷузъ аз тафриқаандозӣ ва ноором сохтани ҷомеа ҳадафе надорад. 

Мо бояд шукр кунем, ки дар як кишвари тинҷу ором ба сар бурда, ба бунёдкориву созандагӣ машғулем. Танҳо дар ҳамдастию тиффоқӣ мо метавонем ба ҳадафҳои созандаи хеш расем.

С.Алиназаров 

Шуғнон

Комментарии (0)

Оставить комментарий