Путин ваъда дод, ки даҳони таҳрифгарони таърихро мебандад

Владимир Путин бо собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва намояндагони ташкилотҳои ватандӯстона дидору мулоқот карда, изҳороти тунде намуд
Президенти Русия Владимир Путин ваъда дод, ки даҳони онҳоеро, ки кӯшиш мекунанд, таърихи Ҷанги дуюми ҷаҳониро таҳриф кунанд, мебандад.
Дар ин бора, Владимир Путин дар мулоқот бо собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва намояндагони ташкилотҳои ватандӯстона дар шаҳри Санкт-Петербург изҳор дошт.
"Мо маркази ҳуҷҷатҳои бойгониро ташкил хоҳем кард. Ва мо даҳони онҳоеро, ки мехоҳанд таърихро бознависӣ кунанд ва онро дар қолаби бардурӯғ пешкаш намоянду нақши падарон бобоҳои моро, ки кулли ҷаҳонро аз душманон наҷот доданд, паст кунанд, мебандем. Даҳони бади онҳоеро, ки ба хотири шӯҳрат ва ҳадафи вақтинаи сиёсии худ чунин мекунанд мо бо маълумоти дақиқ мебандем", - изҳор дошт Владимир Путин.
Ба гуфти президенти Федератсияи Русия бойгонӣ барои кулли ҷаҳон дастарс хоҳад буд.
Комментарии (0)