< Ҳалокати 5 сарбози покистонӣ дар марз бо Афғонистон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҳалокати 5 сарбози покистонӣ дар марз бо Афғонистон

Ҳалокати 5 сарбози покистонӣ дар марз бо Афғонистон
​Хабаргузории «Рейтерз» рӯзи 26 октябр бо такя ба хабарномаи артиши Покистон гузориш дод, ки дар ин даргириҳо 25 ниманизомӣ кушта шудаанд. Артиши Покистон гуфтааст, ки ҷангҷӯён аз хоки Афғонистон вориди ин кишвар шудаанд.

Артиши Покистон афзудааст, ки ин ҳодиса ӯҳдадории ҳукумати Толибонро дар бораи ин, ки аз хоки Афғонистон ба касе осеб нахоҳад расид, зери суол бурдааст.

Ҳукумати Толибон ҳанӯз дар ин бора чизе нагуфтааст, аммо пеш аз ин изҳоротҳои ҷониби Покистонро беасос хонда буд.

Ин даргириҳо дар ҳоле рух дод, ки ҳайати ҳукумати Толибон ва Покистон дар Туркия барои гуфтугӯ дар бораи оташбас миёни ду тараф бо ҳам дидор карданд.

Имрӯзи севумин рӯзи нишасти Истанбул аст ва гуфта мешавад, ки ҳар ду тараф хостаҳояшонро ба якдигар пешниҳод кардаанд.

Сарчашма: ozodi.org​

Комментарии (0)

Оставить комментарий