Даъвати Қирғизистон аз Иттиҳоди Аврупо баъди эълони таҳримҳои нав
Ин ниҳод ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки барои мубодилаи саривақтии маълумот гуруҳи кории «Қирғизистон-Иттиҳоди Аврупо» ташкил шавад.
Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон аз таҳрими чанд ширкати ин кишвар аз сӯи Иттиҳоди Аврупо таассуф карда гуфтааст, кишвар «уҳдадориҳои байнулмилалии худро қатъан иҷро мекунад».
Иттиҳоди Аврупо рӯзи 23-юми октябр дар доираи бастаи 19-уми таҳримҳо алайҳи Русия чанд бонкро аз Қирғизистон, Тоҷикистон ва Белорус таҳрим кард. Аз ҷумла филиали бонки русии ВТБ дар Қазоқистон, бонкҳои қирғизии «Толубай», «Бонки амонатгузории Авруосиё» ва бонкҳои тоҷикистонии «Спитамен», «Душанбе сити» ва «Коммерсбонк» таҳрим шуданд.
Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, пайомадҳои таҳримоти Иттиҳоди Аврупо ба зидди се бонки тиҷоратии кишварро меомӯзад ва барои кам кардани оқибатҳои манфии он «бо шарикони байналмилалӣ машварат мекунад.»
Сарчашма: ozodi.org

Комментарии (0)