< Созишномаи Душанбе ва Кобул оид ба сохтмони роҳи оҳан » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Созишномаи Душанбе ва Кобул оид ба сохтмони роҳи оҳан

Созишномаи Душанбе ва Кобул оид ба сохтмони роҳи оҳан


Дар Вазорати нақлиёти кишвар рӯзи 30 декабри соли равон Созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Афғонистон оид ба сохтмони роҳи оҳани Ҷалолиддини Балхӣ (Колхозобод)-Ҷайҳун-Панҷи Поён (Тоҷикистон)-Шерхон Бандар (Афғонистон) ба имзо расид.

Тавре дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ иттилоъ медиҳад, Созишномаро аз ҷониби Тоҷикистон вазири нақлиёти кишвар Худоёрзода Худоёр ва аз ҷониби Афғонистон сардори идораи роҳи оҳани Афғонистон Муҳаммад Ямо Шамс  имзо гузоштанд.

Гуфта мешавад, оид ба таҳияи Созишномаи мазкур ҷонибҳо дар ҷаласаи ҳафтуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Афғонистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникӣ, ки рӯзҳои 5-6 июли соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба мувофиқа расиданд.

Таъкид мешавад, ки ин Созишнома аҳамияти муҳими стратегӣ дошта, барои татбиқи лоиҳаҳои сохтмони хати роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон, инчунин барои пайваст бо роҳҳои оҳани минтақа ва баромадан бандарҳои обӣ (Бандар Абос, Чорбаҳор ва Гавадар) замина мегузорад.

“Доираи татбиқи Созишномаи мазкур вобаста ба масъалаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон (Ҷ. Балхӣ-Ҷайҳун-Панҷи Поён (Тоҷикистон)-Шерхонбандар (Афғонистон) бо ҷалби самоягузории хориҷӣ анҷом дода мешавад”, - омадааст дар хабари Вазорат.

Зикр мешавад, ки дар ин замина бо намояндагони Бонки Осиёгии Рушд, Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба маблағгузорӣ ва таҳияи Асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони роҳи оҳани болозикр вохӯриҳо доир гардидааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий