Ҳавасмандии Тоҷикистон ба рушди муносибот бо Аморот

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо сафири Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот кард
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин имрӯз сафири Амороти Муттаҳидаи Араб дар Тоҷикистон бо иқомат дар Нул-Султон Муҳаммад Аҳмад Султон ал-Ҷобирро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба гузориши равобити умумии Вазортаи хориҷии Тоҷикистон, зимни мулоқот вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Амороти Муттаҳидаи Араб табодули назар намуданд.
"Ҷонибҳо оид ба тавсеаи ҳамкориҳои минбаъда миёни кишварҳо бо мақсади рушди дӯстии анъанавии Тоҷикистону Аморот, ки ба руҳияи муносибатҳои тарафайни мардумони ду кишвар мувофиқ аст, изҳори ҳавасмандӣ намуданд",-омадааст дар хабарнома.
Комментарии (0)