Умедвориҳо аз сафари Ҳасани Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон. ВИДЕО
Мақомоти тоҷик аз сафари раиси ҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон умедворанд, ки муносибатҳои ду кишвар рӯ ба беҳбудӣ мениҳад. Қарор аст шоми 14-уми июн Ҳасани Рӯҳонӣ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе мулоқот кунад.Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар умури робита бо ҷомеа дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "боварӣ дорам он сардиҳое, ки омад, ин роҳи ҳаллаш вуҷуд дорад".
Ба гуфтаи оқои Раҳмонзода, "Тоҷикистон ҳамеша хостори ҳамкориҳои фарҳангиву иқтисодӣ ҳаст, фикр мекунам, масъалаҳои мубраме, ки барои рушди муносибатҳои ду кишвар ҳастанд дар сӯҳбати ду сарвари давлат барасӣ мешавад ва робитаҳо густариш хоҳанд кард".
Муносибатҳои Тоҷикистону Эрон баъд аз даҳсолаҳо равобити гарму наздик, чаҳор сол пеш, ба марҳилаи пуртаниш ва сард ворид шуд. Ҳарду кишвар якдигарро дар сардии муносибатҳо айбдор карданд ва далел пеш оварданд.
Танҳо дар оғози соли ҷорӣ баъзе аз мақомҳои Тоҷикистону Эрон дар суҳбатҳои худ паём доданд, ки равобити Теҳрону Душанбе дар ҳоли оддӣ шудан аст.
Ахиран вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддини Муҳриддин ба Теҳрон сафар кард ва бо раиси ҷумҳури он кишвар Ҳасани Рӯҳонӣ, вазири умури хориҷӣ Муҳаммадҷавод Зариф ва мақомҳои дигари эронӣ мулоқот кард.
Ба навиштаи расонаҳо, яке аз аҳдофи сафари Сироҷиддини Муҳриддин ба Теҳрон, даъвати Ҳасани Рӯҳонӣ ба нишасти 5-уми сарони Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё буд.

Ҳоло омодагӣ барои нишасти 5-уми сарони Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ҷараён дорад. Саммит бо ширкати руасои ҷумҳур ва сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои ин нишаст дар "Кохи Наврӯз"-и Душанбе баргузор мешавад. Дар ин нишаст 12 президент ва раҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои Осиё ва созмонҳои байналмиллаӣ ширкат мекунанд.
Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар умури робита бо ҷомеа афзуд, "дар ин чорабинӣ масъалаҳои мубрам, ҳам дар масъалаи фарҳангӣ, иқтисодӣ, ва сиёсӣ баррасӣ мешаванд. Боварӣ дорем ин ҳамкорӣ имкон медиҳад, масъалаҳое, ки ба рушди иқтисоди Тоҷикистон алоқаманд аст, баррасӣ мешаванд".
Тоҷикистон бори аввал аст, ки мизбони нишасти сарони Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё мешавад. То кунун мизбони чандин нишастҳои байналмилалӣ будааст, вале дар як даҳсолаи ахир нишастеро дар чунин сатҳ ва бо ҳузури даҳҳо раҳбар мизбонӣ накардааст.
Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) анҷумани байнидавлатӣ ва созмони минтақавиест, ки соли 1992 бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфтааст. Баррасии масоили амният ва ҳамкорӣ дар қитъаи Осиё, аз ҳадафҳои асосии ин ҳамоиш аст.
Нишасти сарони кишварҳо ва ҳукуматҳои узв дар чор сол як бор баргузор мегардад. Охирин ҳамоиш 21-уми майи соли 2014 дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин доир шуда буд.
Комментарии (0)