Русия ҳаҷми боҷи давлатиро барои гирифтани иҷозаи иқомат боло мебарад

Ҳаҷми боҷи давлатиро барои гирифтани иҷозаи иқомат дар Русия аз 3,5 ҳазор ба 5 ҳазор рубли русӣ боло хоҳанд бурд
Думаи давлатии Русия ба парлумон пешниҳод карда, ки тарҳи қонунро оид ба боло бурдани ҳаҷми боҷи давлатӣ барои гирифтани иҷозаи иқоматро қабул кунанд, хабар медиҳад РИА Новости.
Дар назар аст, ки боҷи давлатӣ аз 3,5 ҳазор то 5 ҳазор рубли русӣ боло бурда шавад.
Қайд мешавад, ки тарҳи пешниҳодкардаи ҳукумати Русия оид ба боло бурдани ҳаҷми боҷи давлатӣ барои гирифтани иҷозаи иқомат, ба ҳаҷми боҷи давлатӣ барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ барои шаҳрвандони Русия баробар хоҳад шуд.
Пештар хабар дода шуд, ки андоз аз даромади муҳоҷиронро оғоз аз соли 2020 ба андози шаҳрвандони Русия баробар мекунанд.
Тарҳи ин қонун тирамоҳи имсол ба Думаи давлатӣ пешниҳод хоҳад шуд.
то имрӯз андоз аз даромад барои муҳоҷирон 30 дарсад аз даромадро ташкил медиҳад ва дар сурати қабули қонуни нав он ба 13 дарсад чун барои шаҳрвандони Русия баробар хоҳад шуд.
Комментарии (0)