Тавсияи вазорат ба волидайн: Ба ҷои телефону планшет ба кӯдак китоб диҳеду ҳунар омӯзед
Аз якуми ноябр хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд.Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати маорифи Тоҷикистон хабар додааст.
Вазорат қайд кардааст, ин таътилҳо барои барқарор кардани неруи ҷисмониву зеҳнии кӯдакон муҳим аст."Таътили тирамоҳӣ фурсати муносибест, ки кӯдакон пас аз чоряки якуми таҳсил каме истироҳат кунанд ва неруи тоза ҷамъ оранд«, — қайд кардааст ин ниҳод.
Вазорати маориф аз волидайн хоҳиш кардааст, ки ин рӯзҳоро беҳуда нагузаранд.
Вазорат тавсия додааст, ки ба ҷои телефон ва планшет кӯдаконро ба хондани адабиёти шавқовар ва беруназсинфӣ ҷалб намоянд."Ин кор на танҳо ҷаҳони маънавии кӯдаконро бой мекунад, балки барои иштирок дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» заминаи мустаҳкам мегузорад«, — гуфт вазорат.
Ҳамчунинба волидайн тавсия дода шудааст, ки кӯдаконро бештар ба ҳавои тоза бароранд, зеро сайругашт дар боғҳои истироҳатӣ ва машғул шудан ба бозиҳои варзишӣ ба саломатии ҷисмонии онҳо фоидаи калон дорад.
Сарчашма: sputnik.tj

Комментарии (0)