< Иморот аз Эрон бозпас додани се ҷазираро тақозо кард. Рӯзи охирини ҷаласаи 81-уми СММ чӣ гуна гузашт? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Иморот аз Эрон бозпас додани се ҷазираро тақозо кард. Рӯзи охирини ҷаласаи 81-уми СММ чӣ гуна гузашт?

Иморот аз Эрон бозпас додани се ҷазираро тақозо кард. Рӯзи охирини ҷаласаи 81-уми СММ чӣ гуна гузашт?
Рӯзи 28-уми сентябр ҷаласаи 81-уми Маҷмааи умумии СММ ба охир расид. Дар шаш рӯз 194 кас аз минбари СММ сухан гуфтанд. Калимае, ки аз ҳама бештар садо дод “сулҳ” буд, ибораи “ҳуши маснӯӣ” бори аввал аз “тағйирёбии иқлим” ва “ҳуқуқи башар” бештар зикр шуд. Дар рӯзи охир Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аз Эрон баргардонидани се ҷазираро талаб кард ва намояндаи Куриёи Шимолӣ ин бор нисбатан ором баромад кард.
Иморот: “Бунёд кунем, на вайрон”Халифа Шоҳин ал-Марор, вазири давлат дар умури корҳои хориҷаи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, дар суханронии худ аз Эрон хост, ки баҳси чандинсола бар сари се ҷазираи Халиҷи Форс бо роҳи осоишта ҳал шавад.
                                    “                                          
“Эрон ишғоли се ҷазираи Иморот –  Тунби Бузург, Тунби Кӯчак ва Абӯмӯсоро идома медиҳад, ки мо ин амалро қабул надорем”, – гуфт ал-Марор. Ба гуфтаи ӯ, кишвараш ин масъаларо тавассути гуфтушунид ё Додгоҳи байналмилалии СММ мехоҳад ҳал кунад.
                                         
Ин ҷазираҳои хурд дар наздикии гулӯгоҳи Ҳурмуз ҷойгиранд ва аз ин рӯ аҳамияти роҳбурдӣ доранд. Эрон онҳоро соли 1971, пас аз хуруҷи Бритониё аз минтақа, зери назорат гирифт. Теҳрон ҷазираҳоро қисми ҷудонашавандаи хоки худ медонад ва ҳар гуна даъвои Абӯзабиро рад мекунад.
Халифа Шоҳин ал-Марор, вазири давлатии Иморот. Акс аз СММ


Вазири давлати Иморот ба амнияти роҳҳои баҳрӣ низ ишора карда, гуфт, ки “дар шароити афзоиши таҳдидҳо ба киштиронӣ дар минтақаи мо ва берун аз он, кишвари ман ба принсипҳои озодии киштиронӣ ва ҳаққи гузариш таъкид мекунад.” Моҳи июли соли ҷорӣ, Ҳусиҳо “Бобулмандаб”-ро барои киштиҳо баста эълон карда буданд ва дар Ҳурмуз ба киштиҳои тиҷоратӣ ҳамла шуда буд.

Ал-Марор аз нақшаи Амрико дар бораи Ғазза, ки хуруҷи нерӯҳои Исроил ва халъи силоҳи “Ҳамос”-ро пешбинӣ мекунад, ҷонибдорӣ кард ва ба таъсиси давлати мустақили Фаластин “дар паҳлӯи Исроил дар сулҳу амният” даъват кард. Ӯ ҳамчунин ба оташбаси доимӣ ва бечунучаро дар Судон даъват кард.

Вазири давлати Иморот дар суханронии худ ба ҳамлаҳои мушакии Эрон ба хоки ин кишвар мустақиман ишора накард. Ҳарчанд пойгоҳҳои Амрико дар ҳудуди Иморот соли ҷорӣ яке аз ҳадафҳои ин ҳамлаҳо буд. Ал-Марор танҳо таъкид кард, ки Иморот “низомҳои пешрафтаи мудофиавӣ”-ро яке аз асосҳои қудрати худ медонад.
                                    “                                          
Ал-Марор суханронии худро бо ин даъват ба анҷом расонд: “Мо ба шарикони худ дар минтақа ва тамоми ҷаҳон даст дароз мекунем, то бунёд кунем, на вайрон, муттаҳид созем, на ҷудо”.
                                         
Куриёи Шимолӣ: “Нобоварии бесобиқа дар ҷаҳон ҳукмфармост”Ким Сон Гён, муовини вазири корҳои хориҷии Куриёи Шимолӣ дар суханронии худ ҷаҳони имрӯзаро “воқеияти сахте, ки дар он нобоварӣ ва муқобилати бесобиқа ҳукмфармост” номид.

Ким Сон Гён, муовини вазири корҳои хориҷии Куриёи Шимолӣ. Манбаъ: СММ


Ба гуфтаи ӯ, дар атрофи нимҷазираи Куриё “ягон бархӯрди ҷисмонӣ рух надодааст” ва силоҳи ҳастаии Пхенян, пойтахти кишвараш, “қудрати мутлақ ва нерӯи боздорандае” аст, ки барои ҳифзи соҳибихтиёрӣ сохта шудааст.

Ба навиштаи “Associated Press”, суханронии намояндаи Куриёи Шимолӣ имсол нисбатан ором буд. Бо вуҷуди ин, дипломати куриёӣ ҳамкории низомии Амрико, Ҷопон ва Куриёи Ҷанубиро интиқод кард ва Ҷопонро “ҷинояткори ҷангии дараҷаи А” номид.
                                                                    
Дар рӯзи охир асосан вазирони корҳои хориҷӣ ва сарони ҳайатҳо сухан гуфтанд. Ба навиштаи “Associated Press“, аз ҷумла Алехандра Хилл Тинако, вазири корҳои хориҷии Салвадор, аз минбари СММ гуфт: “Бас аст расмиётгароӣ (бюрократия)!”. Ҳамунин, Аҳмад Аттоф, вазири корҳои хориҷии Алҷазоир, даъват кард, ки “барқарории эътимод ба раванд табдил ёбад, на шиор”.
                                                             
Хулосаҳои раиси ҷаласаи 81-уми МУ СММХалил Ар-Раҳмон, раиси ҷаласаи 81-уми Маҷмааи умумии СММ мубоҳисаҳоро ҷамъбаст кард. Ба гуфтаи ӯ, дар ҷаласаи имсола 113 сарони давлат ва ҳукумат, 11 ҷонишини раисҷумҳур, 7 муовини сарвазир, 48 вазир ва 1 валиаҳд аз 194 кишвар дар минбари СММ сухан гуфтанд

Ба гуфтаи ӯ, онҳо сулҳро “талаби фаврии эҳтироми Оинномаи СММ, ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳифзи ғайринизомиён” номиданд. Ӯ ба тағйири ҷолиб ишора кард: чор сол пеш танҳо 5 ҳайат дар суханронии худ ибораи “ҳуши маснӯӣ”-ро зикр карда буданд, имсол 128 ҳайат. Ин мавзӯъ бори аввал аз тағйирёбии иқлим ва ҳуқуқи башар дар суханрониҳои СММ пеш гузашт.
Халил Ар-Раҳмон дар маросими пӯшидашавии мубоҳисаи умумии иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии СММ суханронӣ мекунад. Акс аз СММ


Раиси ҷаласа ҳамчунин гуфт, ки бисёр ҳайатҳо ба ислоҳоти Шӯрои амният даъват карданд ва дур мондани Африқоро аз узвияти доимии Шӯро “беадолатӣ” номиданд.

Тоҷикистон дар ҷаласаи 81-умДар ҷаласа 81-уми СММ, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни баромади худ эълон кард, ки Тоҷикистон бори аввал ба узвияти ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ барои солҳои 2028–2029 номзад шудааст. Ӯ ҳамчунин аз Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ, ҳифзи пиряхҳо ва вазъ дар Ғазза ва Афғонистон сухан гуфт. Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи 81-уми СММ чиҳо гуфт? Ин ҷо хонед.

Бояд гуфт, ки рӯзи аввали ҷаласа бо суханронии Доналд Трамп, изҳори нигаронӣ аз заиф шудани нақши СММ ва эътирозҳои Исроил ва Куба гузашт. Рӯзи аввали ҷаласаи 81-уми Маҷмааи умумии СММ чӣ гуна гузашт? Ин ҷо хонед. Рӯзи дуюм намояндагони Амрико ва Исроил ҳангоми суханронии Масъуди Пизишкиён толорро тарк карданд. Рӯзи дуюм чӣ гуна гузашт? Ин ҷо хонед. Рӯзи сеюм Бинямин Натаняҳу дар толори қариб холӣ сухан гуфт. Рӯзи сеюм бо чӣ хотирмон шуд? Ин ҷо хонед. Рӯзи чорум Шаҳбоз Шариф ва Ҳинд аз минбари СММ ба ҳам айбҳои тунд заданд. Рӯзи чорум чӣ гуна гузашт? Ин ҷо хонед.

Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий