Додгоҳи Сурия барои Башор Асад ҳукми қатл содир кард
Бар асоси гузоришҳо, Додгоҳи чоруми ҷиноии Димишқ, ки ба баррасии парвандаҳо машғул аст, Отиф Наҷибро ба ҷинояти куштори барқасдона, шиканҷа ва масъулият дар марги шуморе аз боздоштшудагон гунаҳкор донистааст.
Қозӣ Фахруддин Алъарён ҳангоми эъломи ҳукм гуфтааст, ки Наҷиб дар замони масъулияташ дар бахши амнияти сиёсии вилояти Даръо дар шиканҷаи густардаи боздоштшудагон даст дошта ва дар марги баъзеи онҳо масъулияти мустақим доштааст.
Наҷиб моҳи январи соли 2025 аз ҷониби неруҳои амниятии ҳукумати Аҳмад Шаръ Ҷӯлонӣ дар Лозиқия боздошт шуда буд. Ӯ дар ҷаласаи додгоҳ ҳузур дошт.
Дар бахши дигари ҳукм, додгоҳ Башор Асадро ба таври ғоибона барои «куштори барқасдона, шиканҷа, боздошти худсарона ва ҷиноят алайҳи башарият» гунаҳкор донистааст. Додгоҳ иддао кардааст, ки Асад сохторҳои давлатии Сурияро барои анҷоми ин ҷиноятҳо истифода кардааст.
Моҳир Асад, бародари хурдии Башор Асад низ ба қатл маҳкум шудааст. Башор ва Моҳир Асад ва чанд мақоми дигари пешини ҳукумати Сурия, ки гуреза хонда мешаванд, дар мурофиаи ғоибона муҳокима шудаанд.
Ин парванда аз 26-уми апрели соли 2026 дар Додгоҳи чоруми ҷиноии Димишқ оғоз шуда буд. Дар ҷаласаи пешини додгоҳ, ки рӯзи 10-уми май баргузор шуд, ҳуқуқҳои шаҳрвандии гумонбарон маҳдуд ва дороиҳои онҳо таҳти идораи давлат қарор дода шуда буд.
Додситонии кулли Сурия дар ҷаласаи қаблии додгоҳ барои Отиф Наҷиб ва гумонбарони фирорӣ дархости ҳукми эъдом карда буд.
Парванда ба оғози эътирозҳо дар Даръо марбут аст
Қисми асосии парванда ба рӯйдодҳои оғози эътирозҳо дар шаҳри Даръо дар соли 2011 марбут мебошад. Дар он замон Отиф Наҷиб раҳбари бахши амнияти сиёсии ин вилоят буд.
Номи Наҷиб бахусус дар робита ба боздошт ва шиканҷаи иддаошудаи шуморе аз кӯдакони Даръо матраҳ шуда буд. Гуфта мешавад, ки ин ҳодиса аз омилҳои муҳимми шаклгирии эътирозҳои аввалия дар Сурия буд.
Ҳукми рӯзи сешанбе яке аз нахустин ҳукмҳои муҳимми додгоҳӣ пас аз суқути ҳукумати Башор Асад ба шумор меравад.
Баҳсҳо дар бораи раванди мурофиа
Ҳамзамон, бархе ҳуқушиносон Сурия ба раванди мурофиаи ин парванда интиқод кардаанд. Ин интиқодҳо бештар ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва техникии мурофиа марбутанд.
Ба гуфтаи ин коршиносон, дар қонунҳои ҷиноии Сурия таърифи мушаххасе барои «ҷиноят алайҳи башарият» ва «ҷинояти ҷангӣ» вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, онҳо мегӯянд, ки такяи додгоҳ ба қонунҳои байналмилалӣ барои тавсифи ҷиноятҳо метавонад дар оянда мушкилоти ҳуқуқӣ эҷод кунад.
Ҳамчунин, рӯйдодҳои Даръо ба оғози соли 2011 марбутанд: замоне ки ҷанги дохилӣ дар Сурия ҳанӯз расман оғоз нашуда буд. Бархе ҳуқуқшиносон мегӯянд, ки ин рӯйдодҳоро наметавон «ҷинояти ҷангӣ» номид.
Дар робита ба мурофиаи ғоибонаи Башор ва Моҳир Асад низ ҳуқуқшиносон мегӯянд, маълум нест, ки оё ба онҳо ба таври дуруст дар бораи мурофиа хабар дода шудааст ё не ва оё барои ҳимояти ҳуқуқҳои онҳо вакили муносиб таъин шудааст ё не.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)