< Тазоҳуроти густурда дар Сеута: эътирозгарон хостори истеъфои нахуствазири Испания шуданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Тазоҳуроти густурда дар Сеута: эътирозгарон хостори истеъфои нахуствазири Испания шуданд

Тазоҳуроти густурда дар Сеута: эътирозгарон хостори истеъфои нахуствазири Испания шуданд
Эътирозгарон бо парчамҳои Испания ба кӯчаҳо баромада, хостори истеъфои Педро Санчес, нахуствазири ин кишвар шуданд. Яке аз шиорҳои асосии тазоҳуркунандагон «Педро Санчес, истеъфо» будааст.

Бар асоси гузориши расонаҳои испанӣ, полис шумори ширкаткунандагон дар ин тазоҳуротро тақрибан 5 ҳазор нафар эълом кардааст. Аммо созмондиҳандагони тазоҳурот мегӯянд, ки беш аз 10 ҳазор нафар дар он иштирок кардаанд.

Ин тазоҳурот пас аз он баргузор шуд, ки Сеута дар ҳафтаҳои охир бо яке аз мавҷҳои бесобиқаи вуруди муҳоҷирон аз қаламрави Марокаш рӯбарӯ шуд. Ин вазъ бори дигар масъалаи назорати марзҳои Испания ва сиёсати муҳоҷиратии ҳукумати Педро Санчесро ба як мавзуи баҳсбарангези сиёсӣ табдил додааст.

Бар асоси маълумоти манбаъ, рӯзи 8-уми август тақрибан 50 ҳазор нафар аз мардуми Марокаш бо эҷоди бесарусомонии густурда ба марзҳои вурудии Испания ҳамла карда ва вориди шаҳри Сеута шудаанд. Ин ҳодиса масъулони Испанияро бо буҳрони инсонӣ рӯбарӯ кардааст.

Пас аз ин ҳодиса, вокунишҳо ба сиёсати ҳукумати Испания дар мавриди муҳоҷират афзоиш ёфтааст. Якшанбеи ҳафтаи гузашта низ ҳазорон нафар, ки аксаран аз ҷонибдорони ҷиноҳи рости Испания буданд, дар кӯчаҳои Мадрид ба тазоҳурот баромада, ба шеваи идораи ҳукумати ин кишвар дар баробари буҳрони муҳоҷират дар минтақаи худмухтори Сеута эътироз карданд.

Эътирозгарон бо шиорҳо ҳукумати сотсиалистии Педро Санчесро мустақиман масъули буҳрони муҳоҷират дар Сеута донистаанд.
Сеута, ки дар шимоли Африқо таҳти ҳокимияти Испания қарор дорад, яке аз минтақаҳои муҳимми марзии ин кишвар бо Марокаш ба шумор меравад. Мавҷи ахири вуруди муҳоҷирон дар ин минтақа масъалаи назорати марз ва сиёсати муҳоҷирати ҳукумати Мадридро дубора дар маркази баҳсҳои сиёсӣ қарор додааст.


Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий