Мавҷи гармо дар Фаронса ҷони 1000 нафарро гирифт
"Рейтерз« рӯзи якшанбе, 28 –уми июн, гузориш додааст, мақомоти тандурустии Фаронса эълом кардаанд, ки бештари қурбониён пиронсолон будаанд ва эҳтимоли афзоиши омори талафот бо такмили баррасиҳо дар марказҳои нигоҳубин ва манзилҳои шахсӣ вуҷуд дорад.
Бар асоси гузориш, гармои шадид сабаби мушкилот дар тавлиди неруи барқ, фишор бар низомҳои тандурустӣ ва осеб ба зерсохтҳо дар чандин кишвари аврупоӣ шудааст.
Коршиносони тағйироти иқлимӣ ҳушдор додаанд, ки мавҷҳои гармои шадид дар солҳои охир афзоиш ёфтаанд ва кишварҳо барои муқобилият бо паёмадҳои он омодагии кофӣ надоранд.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ низ гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир 150 миллион тан таҳти таъсири гармои шадид зиндагӣ мекунанд, садҳо тан ҷони худро аз даст додаанд, мактабҳо баста шудаанд ва шабакаҳои барқ таҳти фишор қарор гирифтаанд.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)