< Вохӯрии сардори Хадамоти алоқаи кишвар бо Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Вохӯрии сардори Хадамоти алоқаи кишвар бо Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон

Вохӯрии сардори Хадамоти алоқаи кишвар бо Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон
​Гуфта мешавад, ки дар вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳоро дар соҳаи алоқа, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва рушди рақамӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Тибқи иттилои маркази матбуоти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, ки ҳамкории мутақобилан судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо барои пешбурди равандҳои муосир ва татбиқи ташаббусҳои муштарак аҳамияти муҳим дорад.

«Ҷонибҳо атрофи густариши ҳамкориҳои амалӣ, табодули таҷриба ва татбиқи барномаҳои муштарак мубодилаи афкор намуданд», — навиштааст манбаъ.


Сарчашма: dialog.tj


Комментарии (0)

Оставить комментарий