< Президенти мамлакат Файсал ибни Қосим оли Сониро ба ҳузур пазируфтанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Президенти мамлакат Файсал ибни Қосим оли Сониро ба ҳузур пазируфтанд

Президенти мамлакат Файсал ибни Қосим оли Сониро ба ҳузур пазируфтанд
​Тавре ки хадамоти матбуоти Сарвари давлат хабар медиҳад, дар мулоқот масъалаҳои марбут ба густариши робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Ассотсиатсияи тиҷорати Қатар ва гурӯҳи ширкатҳои Файсал Холдинг баррасӣ шуданд.

«Таваҷҷуҳи хос ба ҷалби сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ ва истеҳсолӣ дар бахшҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон зоҳир карда шуд», — навиштааст манбаъ.

Гуфта мешавад, ки дар мулоқот ба тақвияти робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, гидроэнергетика, фаъолияти молиявӣ ва бонкӣ, инчунин, бахшҳои маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва рушди инфрасохтори муосир ҳам тамаркуз карда шуд.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий