Гуфтугӯи Трамп бо роҳбарони Русия ва Украина
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина суҳбат бо Трампро «ҷолиб» номид ва афзуд, «бисёр масъалаҳои калидиро» баррасӣ кардаанд.
Дар бораи суҳбати Доналд Трамп бо Владимир Путин ёвари раиси ҷумҳури Русия Юрий Ушаков хабар дод. Ин суҳбат қариб як соат идома кардааст.
Ба қавли Ушаков, ду тараф дар бораи сафари қарибулвуқуи фиристодаи вижаи президенти Амрико ба Маскав тавофуқ кардаанд.
Ба гуфтаи ёвараш, Владимир Путин гуфтааст, ҳамлаҳои Украина ба зерсохтҳои Русия ба раванди ҷанг таъсир намерасонанд.
Худи Трамп дар бораи суҳбаташ бо роҳбарони Русия ва Украина чизе нагуфтааст.
Сарчашма: ozodi.org

Комментарии (0)