Президент вориди ноҳияи Восеъ шуд
Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят ва шаҳру навоҳии мамлакат идома дошта, рӯзи 4 октябр ӯ вориди ноҳияи Восеъ шуд
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ ташриф овард.
Ба иттилои котиботи роҳбари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи мазкур чандин бинову иншоотҳоро мавриди истифода қарор дода, бо сокинони маҳаллӣ мулоқоту дидорбинӣ хоҳад кард.
Манбаъ меафзояд, нахуст сарвари давлат дар шаҳраки Ҳулбуки ноҳия Боғи марказиро ба истифода дод.
"Масоҳати умумии боғ 3,5 гектарро ташкил медиҳад ва дар он шароити хуби истироҳат фароҳам оварда шудааст. Иншоотро сохтмончиëни ватанӣ бо маблағгузории мақомоти маҳаллӣ ва саҳми соҳибкорон навсозӣ намудаанд", - таъкид гардидааст дар хабар.
Гуфта мешавад, дар тарафи чапи иншоот амфитеатр бунëд карда шуда, дорои 1000 ҷои нишаст мебошад ва барои гузаронидани маҳфилу чорабиниҳои оммавӣ мусоид аст.
Зимнан, роҳбари давлат дар деҳаи Меҳнатободи ноҳияи мазкур майдони Парчами давлатӣ ва гулгаштро ифтитоҳ кард.
Масоҳати умумии майдони Парчами давлатӣ ва гулгашт 40 ҳазор метри мураббаъро дар бар гирифта, дар шафати роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг воқеъ мебошад.
Баландии пояи Парчами давлатӣ 40 метр, дарозии матои он 14 метр ва паҳноиаш 7 метрро ташкил медиҳад.
Комментарии (0)