Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон рафт
Сафари кории президент ба шаҳру навоҳии вилояти Бадахшон аз ду то се рӯз идома меёбад ва дар ҷараёни он оқои Раҳмон ба оғози фаъолияти чанд иншоот асос хоҳад гузошт.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рафт.
Тибқи иттилои котиботи президент, сафар ба Бадахшонро раисиҷумҳури кишвар нахуст аз ноҳияи Дарвоз оғоз кар.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар ин ноҳия бинои маркази адлия ва майдончаи варзиширо боз кард.
Дар идомаи боздид раисиҷумҳур ба 100 нафар кӯдаки ятим ва маъюб аз ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ тӯҳфаҳо иборат аз сару либос, шириниҳо, ашёи хониш ва кӯмаки молиявӣ тақдим кардааст.
Қаблан сухангӯи раиси вилояти Бадахшон , Ғолиб Ниятбеков гуфт, Эмомалӣ Раҳмон тақрибан 120 иншооти ҷашнии муҳими давлатию ҷамъиятиро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад.
"Ба истифода додани 10 иншооти муҳим дар ноҳияи Роштқалъа, 3 иншоот дар ноҳияи Шуғнон ва чандтои дигар дар маркази вилоят, шаҳри Хоруғ ба нақша гирифта шудааст", - тавзеҳ дод Ниятбеков.
Комментарии (0)