< Сарвазири Арманистон Никол Пашинян бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад
Сарвазири Арманистон Никол Пашинян бо сафари корӣ ба пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ташриф овард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Сарвазири Арманистон Никол Пашинянро Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

16 сентябр Никол Пашинян дар Душанбе дар иҷлосияи Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД ширкат хоҳад кард. Дар ҷараёни ин нишаст ӯ афзалияти Арманистонро, ки раёсати ин созмонро бар уҳда хоҳад гирифт, муаррифӣ мекунад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий